Ахбори рӯз

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз эҳтимоли омадани селҳо дар баъзе минтақаҳои кишвар ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ, ба ҷуз аз шарқи Бадахшони Кӯҳӣ боронҳои шадид дар назар аст. Ин боронҳо метавонанд боиси омадани сел дар минтақаҳо гарданд.

Илова бар ин, ба далели баланд шудани дамои ҳаво хатари болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо...

Замин ларзид. Институти геология маркази онро Афғонистон гуфт

Соати 12:35 дақиқа дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора Институти геология ва сейсмологии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод.

Бино ба хабари манбаъ маркази зилзила 280 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар ҳудуди Афғонистони ҳамсоя буд.

Дарсҳои омӯзишӣ дар қисмҳои ҳарбии марзбонии КДАМ

Бо мақсади ҳамкории мутақобила ва дар асоси Нақша – омӯзиш байни Кумита ва қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Панҷ, кормандони Маркази таълимию методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон миёни афсарону сарбозон давраҳои омӯзишӣ гузарониданд.

Хабарҳои рӯзи гузашта: Сел дар ноҳияи Варзоб, худкушии ҷавонзане бо тифли яксолааш дар Язгулом

Тибқи маълумоти сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 13-уми июни соли 2022 дар деҳаи Ғажнеи ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб бинобар сабаби боридани борони зиёд дар километри 32-юм лойқа ва сангу шағал фаромада, муваққатан  роҳ баста гардид.
Борони шадид ҳамчунин ба 4 ҳавлӣ лойқа ворид намуд.

Наҷоти чор узви як хонавода дар рӯди Сир, ки дар ҷойи мамнӯъ оббозӣ мекарданд

Кормандони наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо роҳандозии як амалиёти муваффақ чор нафареро, ки қариб буд дар дарёи Сир ғарқ шаванд, наҷот доданд.

Ин ҳодиса рӯзи 11-уми июн, тахминан соати 14:40 дақиқа рух дод. Чор нафар сокинони кӯчаи Холмуродови ноҳияи...

Страницы