Ахбори рӯз

Огоҳии такрорӣ аз хатари лағзиши тармаву резиши санг ва омадани сел дар роҳҳои кӯҳӣ!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон муддати чанд рӯзи оянда дар роҳҳои мошингарди  Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз,  Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Мурғоб хатари лағзиши тарма, резиши санг ва сел боқӣ мемонад.

Рӯзи умумиҷаҳонии мудофиаи гражданӣ

Ҳамасола дар Тоҷикистон ва як қатор давлатҳои ҷаҳон 1 март ҳамчун Рӯзи Умумиҷаҳонии мудофиаи гражданӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи асосии ҷашни ин рӯз баланд бардоштани мақоми хадамоти наҷодиҳии миллӣ мебошад.

Агар ба таърихи ин ҷашн назар андозем, пас мебинем, ки ҳанӯз соли 1931 бо ташаббуси якчанд давлат ва генерали...

Ҷаласаи муштараки Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи вокуниши сареъи арзёбӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ВИДЕО)

28 феврали соли 2023 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати ҷонишини аввали раиси Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикитсон оид ба коҳиши хатари офатҳо, сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва Ҳамоҳангсозии доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Снаноглу ҷаласаи муштараки Платформаи...

Сарвазири Тоҷикистон ба наҷотдиҳандагон туҳфаҳо супурд (ВИДЕО)

27 феврали соли 2023 дар маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супурдани мукофотҳо аз номи Сарвари давлат ба наҷотдиҳандагон баъди бозгашташон аз Туркия баргузор шуд.

Дар ин маросим Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода...

Ҳушдори КҲФ аз эҳтимоли тармаву резиши санг дар роҳҳои кӯҳи зарфи ду рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва  меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 27-28 феврали соли равон дар ноҳияҳои кӯҳии  тобеъи ҷумҳурӣ, ғарби ВМКБ, дар роҳҳои  мошингарди Душанбе -Чаноқ, Нуробод-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Шуғнон, Хоруғ-Роштқалъа ва Хоруғ-Ишкошим хатари лағзиши тармаву резиши санг боқӣ мемонад.

Страницы