Ахбори рӯз

Анҷоми “Футболи хурд” дар Кумита

Футболи хурд

Бозии варзишии “Футболи хурд”, ки 8 августи соли 2022  бахшида ба рӯзи таъсисёбии Хадамоти мудофиаи гражданӣ ва Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита оғоз гардида буд, рӯзи 22-уми август ба анҷом расид.

Дар чорабинии мазкур 8 даста ширкат варзиданд, ки аз байни онҳо 3 даста ғолибони мусобиқа дониста шуданд.

Сел дар Рӯшон ба ду ҳавлии сокинон зарар расонд. 68 хоҷагии муваққатан кӯчондашуда, ба хонаҳои худ баргаштанд

Сел дар Рӯшон

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ рӯзи 24 августи соли 2022 тахминан соати 14:30 дақиқа бар асари боридани  борони шадид дар деҳаи Шуҷанди ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшон сел омад.

Сел дар як замон ҷараёни об дар канали НБО-и деҳаи

Ҷасади зани ҷавоне, ки дар Сорбоғ худкушӣ карда буд, пайдо шуд

Аз ноҳияи Рашт гузориш расид, ки волидони Маҳинбону Ҳафизоваи 23-сола, ки рӯзи 6-уми августи соли равон худро дар оби дарёи Сорбоғ ғарқ карда буд, ҷасади духтарашонро 5 км поинтари деҳаи Поҷеи Боло пайдо кардаанд.

Гуфтанист, ки Маҳинабону рӯзи 6-уми августи соли равон баъди як муноқиша бо шавҳар ва хушдоманаш даст ба

Алиҷони Сарбандӣ. ДАРСИ БЕХАТАРӢ

( Ба рӯзи наҷотбахшон )

Аз офати ниҳонӣ
Пур аст зиндагонӣ.
Гаҳ тарма ояд аз кӯҳ,
Гаҳ сел ногаҳонӣ.
***

Бо сад паёмади бад,
Гоҳе замин биҷунбад,
Гаҳ тундбоди саркаш
Дару тиреза кӯбад.
***
Вақте хатар биёяд
Бо сад зарар биёяд.
Даруни хона будан
Ҳаргиз туро нашояд.


Ҳалокати як писари 9-сола дар Ёвон. Оббозӣ мекард, волидонаш беназорат гузошта буданд

Дар як ҳодисаи нохӯш дар об як кӯдак ба ҳалокат расид. Ӯ ҳамагӣ 9 сол дошт ва агар волидонаш назорат мекарданд, ин фоҷеа рух намедод. Мо ҳамеша баъди марги азизонамон пай мебарем, ки онҳо бароямон азиз буданд. То ин замон бепарвоем. Мутааасифона.

Ҳодиса 21-уми августи соли равон рух дод. Соати 12:00 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда...

Страницы