Рӯзи 21 декабри соли равон соати соати 14:57 дақиқаи вақти маҳаллӣ як сокини ноҳияи Шоҳмансур кӯчаи Айнӣ, бинои №50/51 ба навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дари даромадгоҳи асосии хонаи истиқоматиаш маҳкам шуда, дар дохили хона дар мондааст.
Баъди дарёфти хабар наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе, ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, соати 15:44 дақиқа бо истифода аз дастгоҳи махсус дари абстаро боз намуданд.
Бегоҳии ҳамин рӯз, соати 20:08 дақиқа як истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Айнӣ бинои №54/56 ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе занг зад, ки қубури интиқоли оби гарм дар ин бино сӯрох шудаву об ба таҳхонаи бино роҳ ёфтааст.
Номбурда ҳамчунин хабар дод, ки дар айни замон сатҳи оби гарми дохили таҳхона ба 25-30 см расидааст ва ин хатаре ба сокинон эҷод мекунад.
Бо дарёфти хабар дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе, ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, соати 23:15 дақиқа бо воситаи насосҳои обкашонӣ ҳолати баамаломадаро пурра бартараф намуданд.