Ҳалокати шаш ноболиғ дар обҳои кишвар. Чор нафари онҳо бародару хоҳар аз ду оила
Чоп шуд: 05/06/2023 | admin
Навбатдори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ғарқи об шудани ду бародарони ноблолиғ, сокинони кӯчаи С. Садирови ноҳияи Восеъ хабар дод, ки яке 13 ва дуюмӣ 11 сол дошт.
Ин ду бародар ҳангоми оббозӣ дар қаламрави ҷамоати Ҳулбук, маҳаллаи Сино ғарқ шудаанд.