Оғози мавсими оббозӣ. Муроҷиати такрории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда
Чоп шуд: 12/06/2023 | admin
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки расман дар саросари кишвар мавсими оббозӣ аз 1-уми июн оғоз шудааст.
Ҳавои тоза, нури ҷонбахшои офтоби оламоро ва оббозиву шиноварӣ на танҳо лаззат мебахшад, балки ба унвони як воситаи хуби тарбияи бадан хидмат мекунад.