Мулоқоти сарвари КҲФ бо муовини Дабири кулли СААД

Мулоқоти сарвари КҲФ

26 январи соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода бо Муовини Дабири Кулли СААД В.А. Семериков баргузор шуд.

Зимни вохӯрӣ раиси Кумита ба меҳмони олимақом оид ба фаъолияти идораи наҷоти кишвар, воҳидҳои сохтории он ва ҳамкориҳо бо Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ маълумот дод.

Ҳамчунин, раиси КҲФ дар бораи ҳолатҳои фавқулоддаи соли гузашта ва имсола дар кишвар, дастгирии ҳукумат дар мавриди сари вақт расонидани кумакҳои зарурӣ ба аҳолии осебдида сухан ронд.

Ҳадафи аслии вохӯрӣ баррасии масъалаҳои ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар чаҳорчӯби СААД, омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳо ва таҳкими иқтидори техникии идораи наҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

барчасп: