Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишрҳои гуногуни ҷомеа, имрӯз дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Рӯдакӣ, мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Ҳабибзода Зоҳир бо ҳайати шахсии қисми низомии 45005-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриву мулоқот анҷом дода, ҳамзамон, бо шароити хизмат ва буду боши ҳайати шахсии қисми низомии мазкур аз наздик шиносоӣ пайдо кард.
Дар ҷараёни боздид аз қисми низомии 45005-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Ҳабибзода Зоҳирро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Юсуфзода Ҳамзаалӣ ва командири қисми низомии мазкур, полковник Назарзода Фазлиддин ҳамроҳӣ намуданд.
Ҳангоми мулоқот бо афсарону сарбозон Ҳабибзода Зоҳир нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир-терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ шарҳу тавзеҳ дода, таъкид дошт, ки:
Аз ин ҷост, ки феълан Ҳукумати кишвар дар навбати худ, барои бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон, аз ҷумла доир ба навсозии иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст ва ин раванд минбаъд низ идома дода хоҳад шуд.
Чунин ғамхориву тадбирандешиҳо ҳар яки моро вазифадор месозад, ки дар шароити беандоза ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақта босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ гашта, тамоми саъю талоши худро барои ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.