Хабарҳои рӯзи гузашта. Пайдо шудани мошине, ки ҳафтае қабл ба дарё сарозер шуда буд

Тибқи маълумоти шӯъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун рӯзи 19-декабри соли 2023, тахминан соатҳои 10:15 дақиқа дар километри 75-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш сангу шағали аз бағали кӯҳҳо рехта роҳи ҳаракати воситаҳои нақилиётро мувақатан баст.

Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада 1-адад техникаи муҳандисии МНДРА-и шаҳр сафарбар гардид.

Дар айни замон роҳ ба ду самт боз аст ва ҳаракти мошинҳо аз сар гирифта шудааст.

****    ****   ****

Дар Нуробод як мошини тамғаи Nexia, ки тахминан рӯзҳои 11-12 декабри соли равон ба дарё сарозер шуда буд, пайдо аз аз миёни рӯдхона берун оварда шуд.

Ин мошин ба як сокини 30-солаи шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод мутааллиқ буд. Дар хабари рӯзҳои аввал гуфта мешуд, ки вай дар роҳи ҳаракат аз самти Душанбе ба Нуробод нопадид шудааст. Ҷуъиёти ин ҳодисаро касе намедонист. Танҳо тахмин мерафт, ки эҳтимолан дар дарё ғарқ шуда бошад.

Барои роҳандозии корҳои наҷот ДАМЗН-и Кумита дар минтақаи Рашт ҷалб гардид.

Баъди роҳандозии як силсила амалиётҳои ҷустуҷӯву наҷот билохира соати 17:30 дақиқаи рӯзи гузашта мошин пайдо ва умқи дарё берун кашида шуд.

Мутаассифона, андаруни мошин ронанда набуд ва корҳои ҷустуҷӯӣ барои пайдо кардани ҷасади ӯ идома дорад.

барчасп: