Ахбори рӯз

Ҷамъбасти тамринҳои муқовимат ба ҳолати фавқулоддаи марбут ба вуруди зиёди паноҳандагон

тамринҳои муқовимат ба ҳолати фавқулодда

Рӯзҳои 15-17 майи соли 2023 аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Муқовимат ба ҳолати фавқулоддаи марбут ба вуруди зиёди паноҳандагон» машқҳои саҳроӣ гузаронида шуд.

Наваскарони қисмҳои ҳарбии КҲФ дар боғи Ғалаба савганд ёд карданд

Наваскарони қисмҳои ҳарбии КҲФ

19 майи соли 2023 дар боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ наваскарони даъвати баҳории қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қасами ҳарбӣ ёд карданд.

94 нафар наваскарони се қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати

Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар соҳили обҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини бехатарии аҳолӣ, махсусан ҷавонон дар назди обанборҳо диққати ҷиддӣ медиҳад. Кормандони КҲФ чорабиниҳои гуногуни таблиғотиро, ки ба баланд бардоштани фарҳанги бехатарии ҳаёт ва пешгирии марги кӯдакон дар махзанҳоии об равона шудаанд, мегузаронанд.

Тамринҳои амалӣ дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ (ВИДЕО)

16 майи соли 2023 дар доираи тамринҳо  дар мавзӯи «Машқҳои саҳроӣ оид ба омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда» машқҳои амалӣ ва намоишии саҳроӣ дар ҳудуди ноҳияи Балхии вилояти Хатлон  баргузор гардиданд.

 Дар ҷараёни машқҳо сатҳи омодагиҳои қувва ва воситаҳои Кумта ҳангоми бартараф намудани паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодда тамрин шуд.

КҲФ: аз борону селҳо ва ярчу тармаи рӯзҳои оянда эҳтиёт кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки аз 17 то 18-уми майи соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Боридани боронҳои шадид ва раъду барқ имконпазир аст.

Ҳамчунин дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии кишвар ба истиснои...

Страницы