Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки аз 19 то 21 декабри соли 2023 аз сабаби тағйири боду ҳаво дар ноҳияҳои ҷануб ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ҳавои пурчангу ғубор дар назар аст.
Он ба қаламрави ҷумҳурии мо аз навоҳии ҷанубу ғарбии ҳаммарз бо Тоҷикистон ворид мешавад.
Ҳавои пурчанг метавонад сабаби олудагии ҳавои атмосфера ба андозаи 10 мкм (Rm-10) ва 2,5 мкм (Rm-2,5) шавад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ба беморони гирифтори рагу дил, қанд, фишори хуни ҳадди боло бештар диққат диҳанд.
Кумита ҳамчунин ба ронандагон ва кӯҳгардон ёдовар мешавад, ки ҳангоми ҳаракат аз маконе ба макони дигар қоидаҳои техникаи бехатариро риоя намоянд, фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд ва аз сангрезиши эҳтимолӣ ҳушёр бошанд.
Дар ин гуна рӯзҳои чӣ бояд кард? Чанд тавсия ба сокинон ва меҳмонони кишвар:
1.Бештар об бояд нӯшид, ҳатто на камтар аз 2 – 2,5 литр дар як рӯз ва ба қадри имкон то 0,5 литр оби минералӣ.
2. То имкон деред, тирезаҳои хонаҳоятонро пӯшида нигоҳ доред. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин ҳолат дар соатҳои аввали субҳ аст. Ин замонест, ки моддаҳои ҳалношудаву муаллақ дар фазои атроф мутамарказ мешавад. Наздики нимирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва ин ҳама модаҳои муаллақи ҳалношуда зери фишори дамои гарм ба боло меравад. Дар ин ҳолат метавон тирезаи бозро бо дока ва ё тӯр пӯшонд, вале фаромӯш накунед, ки он бояд дар ҳолати намӣ нигоҳ дошта шавад.
3. Дар хона бояд рубучини банам гузаронед, талош кунед ҳавои он ҳамеша тоза бошад.
4. Дар ин гуна рӯзҳо духтурон ба хотири мушкилот барои чашмон истифодаи ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд. Чашмонатонро ҳам эҳтиёт кунед.
Онҳое, ки бемории зиққи нафас доранд ва ё аз аз касалиҳои шуш ранҷ мебаранд ва ин бемориашон куҳна мебошад, тавсия дода мешавад:
- меъёри доруҳои мавриди истеъмолро кам накунед;
- ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошед;
- агар талабот ба истифодаи ингляторҳо аз 4 то 6 маротиба дар рӯз беш шавад, ҳатм ан ба духтур муроҷиат намоед.
Дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулода шумо метавонед бо телефони 112 ва ё ба Қисми навбатдории КҲФ бо шумораҳои 223-13-11, 93 880 28 19 муроҷиат намоед.