Шумори куштаҳои заминларза дар қисмати шимолу-ғарбии Ҷумҳурии Марудмии Чин ба 131 нафар расид. Дар ин бора субҳи имрӯз, 20-уми декабр телевизиони давлатии ин кишвар иттилоъ дод. Заминларза бо қувваи 6,2 балл ҷони 113 нафарро дар Гансу ва 18 нафарро дар Синхай рабуд.
Дар аввалин соатҳои рух додани заминҷунбӣ телевизиони давлатии CCTV аз захмӣ шудани садҳо нафар ҳам гузориш дода буд.
Манбаъҳои расмӣ ба бенишон шудани даҳҳо нафар ҳам хабар доданд.
Ҳукумати Чин маъмурони наҷотро ба ҷойи ҳодиса равон кардааст ва гуфта мешавад, ки корҳо барои аз зери вайронаҳо ҷустани бенишоншудагон идома дорад.
Манобеъи расмӣ ҳамчунин гуфтаанд, ки 131 нафар ҳалокшудагон ҳоло омори ниҳоӣ нест. Он метавонад афзоиш ёбад.