Ахбори рӯз

Резиши санг дар роҳи Лаби Ҷар-Сангвор. Талафоти ҷониву хисороти дигар нест

10 апрели соли 2023 соати 17:40 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 12-уми роҳи мошингарди Лаби Ҷар – Сангвор резиши санг ба қайд гирифта шуд. Барои роҳандозии корҳои бартараф кардани паёмадҳои ин офат техникаи махсуси Вазорати нақлиёт ҷалб ва роҳ соати 00:55 11-апрели соли равон пурра аз регу сангу шағал тоза карда шуд.

Ҳоло ҳаракати мошинҳо ба ду самти имконпазир гардид. Ин сангрезиш талафоти ҷониву хисороти дигар надошт. 

Боронҳои пуршиддати имрӯзу рӯзи дигар. Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Эҳтиёт кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки боришот дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон, Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон рӯзҳои 11-12 апрели соли равон идома мекунад. Хатари омадани селҳо ҳамоно вуҷуд дорад.

Ҷасади марди ба чӯпонирафта дар Турсунзода дар охири моҳи март, дирӯз пайдо шуд

Ҷасади як сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода, ки охири моҳи марти соли ҷорӣ дар кӯҳ чорво мечаронду нопадид шуд, рӯзи 9-уми апрел пайдо ва ба соҳибонаш супурда шуд.

Номбурда охири моҳи марти соли равон ба қасди чорвочаронӣ молҳои худро ба кӯҳ бурд, вале бегоҳ аз ӯ дарак нашуд. Ҷустуҷӯи шахси ғайбзада аз ҷониби шуъбаи КҲФ дар шаҳри Турсунзода бо ҷалби сокинони маҳаллӣ тӯли ин рӯзҳо бенатиҷа идома дошт.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боронҳои шадиди рӯзҳои 10-11 апрели соли равон

shtrom

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 10-11 – уми апрели соли 2023 дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст.

Чунончӣ, 10 апрел рӯзона  ва 11 апрел шабона дар як қатор навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои наздикӯҳии вилоятҳои Хатлон ва Суғд ва ғарби ВМКБ омадани селҳо эҳтимол дорад.

Мулоқоти генерал Назарзода бо ҳайати Бюрои ёриҳои башарии USAID

5 апрели соли 2023 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генрал-полковник Рустам Назарзода ҳайати Бюрои ёриҳои башарии  USAID  бо сарварии Директори минтақавии Осиёи Ҷанубӣ ва Марказии он ҷаноби  Бен Хемингуэйро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои алоқаманд ба коҳиши хатари офатҳо  ва таъсири офатҳои табиӣ ба бачаҳо...

Страницы