Ахбори рӯз

Ҳалокати як писари ҳафтсола дар сели ноҳияи Муъминобод

31 – уми моҳи марти соли 2023 тахминан соати 12:55 дақиқаи вақти маҳаллӣ сокини 7-солаи деҳаи Боғи Ҳабиби ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон бо мақсади расонидани ғизо ба бародараш, ки дар кӯҳҳо чорвобонӣ мекард, зери сел монж ва ба ҳалокат расид. Ин сел бар асари борони пуршиддат аз доманакӯҳҳо ҷорӣ шуд.

Ҷасади кӯдак аз ҷониби сокинон пайдо ва ба волидонаш супурда шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хатари лағжиши тарма дар роҳҳои кӯҳии кишвар ҳушдор медиҳад!

 лағжиши тарма

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон то рӯзи 31-уми марти соли равон дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ (роҳҳои мошингарди “Душанбе-Чаноқ, Нуробод-Рашт-Сангвор), вилояти Суғд ва ғарби роҳи мошингарди ВМКБ (Душанбе-Дарвоз”, Дарвоз-Ванҷ,

Ҳалокати ду сокини шаҳри Исфара дар гази карбон дар кони “Ангишти Шӯроб”

Ҳалокати ду сокини шаҳри Исфара

27 марти соли равон  дар кони ”Ангишти Шӯроб”, воқеъ дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфараи вилояти Суғд  аз ихроҷи гази карбон ду нафар кӯҳканҳои ин кон ҷони худро аз даст додаанд. Яке аз онҳо 45 ва дуюмӣ 57 сол дошт.

Ба ҷойи ҳодиса фавран як взводи Хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбикунонидашудаи
наҷотдиҳӣ – кӯҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фиристода шуд.

Онҳо ҷасади ҳалокшудагонро аз кон берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.

Ду хабари рӯзи гузашта

Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ду  маротиба бо дархости сокинон аз қароргоҳи худ барои кумак берун шуданд. Бори аввал гурбаеро, ки дар қоши иморате дармонда буд, озод карданд ва бори дуюм дари бастаи як хонаро бо хоҳиши соҳибаш боз намуданд.

Рӯзи гузашта соати 10:25 дақиқа як сокини шаҳри Душанбе

Торнодо дар ИМА як шаҳракро комилан ба замин ҳамвор кард. Аз ҳалокати 26 нафар хабар дода мешавад (ВИДЕО)

Торнодо дар ИМА

Бар асари як торнадои харобкор дар иёлоти Миссисипи ва Алабамаи ИМА ҳаддиақал 26 нафар ҷони худро аз даст доданд. Ҳукумати иёлати Миссисипи ҳолати фавқулода эълон кард ва ҷустуҷӯи бенишон гумшудагон идома дорад.  Ин ҳодиса шаби шанбеи гузашта рух дода буд.

Дар раёсати ҳолатҳои фавқулодаи иёлати Миссисипи ба

Страницы