Ахбори рӯз

Ҷамъомади таълимӣ-методӣ дар Кумита

Дар арафаи ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ», дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумита, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарғибу ташвиқи васеи меъёрҳои Конститутсия, 23 августи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Кумита бо ҳайати шахсӣ ҷамъомади таълимӣ-методӣ баргузор гардид. Дар рафти ҷамъомад аз ҷониби ...

Сайру саёҳати шабона дар Кӯли ҷавонон сабаби марги як нафар шуд

Сайру фароғати шабонаи ҷавонон ба фоҷеа печид. Киштии тафреҳие, ки гурӯҳи ҷавонон савори он буданд ва дар Кӯли ҷавонон сайр мекарданд, дучори садама шуд ва аз 7 нафар як нафари онҳо ҷон бохт.

Ин ҳодиса шаби 21-уми августи соли равон, соати 23:37 рух дод. Як гурӯҳи ҳафтнафараи ҷавонон савори киштии тафреҳӣ дар Кӯли ҷавонон саргарми сайр буданд. Картерро бо

Ғаввосон ҷасади як сокини 28-солаи Узбекистонро, ки дар обанбори Норак ғарқ шуда буд, пайдо карданд

20 августи соли 2024 кормандони Раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯву наҷот ва ғаввосони Хадамоти ҷумҳуриявии наҷоти кӯҳии Кумита дар шаҳри Норак пас аз 4 рӯзи ҷустуҷӯ ҷасади шаҳрванди ғарқшудаи Ҷумҳурии Узбекистонро пайдо ва аз қаъри об берун оварданд.

17 августи соли 2024 як сокини 28-солаи вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳангоми оббозӣ дар обанбори Норак ғарқ шуд. Корҳои ҷустуҷӯӣ фаврӣ оғоз ёфтанд. 20 августи соли 2024, соати 14:20 ҷасади ӯро аз об пайдо карданд ва ба мақомоти дахлдор супурда шуд.

КҲФ: Эҳтимоли омадани селҳо рӯзҳои 22-23 август зиёд аст. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои 22-23 августи соли 2024 дар дар як катор ноҳияҳои кӯҳи ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳо эҳтимол дорад.

Ғайр аз ин дар пасманзараи болоравии ҳарорат эҳтимоли баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, резиши санг аз кӯҳу туппаҳо ва ярч вуҷуд дорад.

КҲФ: Хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки дар як шабонарӯзи оянда дар як қатор ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон хатари омадани селҳо ба асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад. Кумита аз аҳолӣ хоҳҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо

Страницы