Чанд хабар аз рӯзи гузашта
Чоп шуд: 23/05/2023 | redaktor![](https://khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/dijoda1wsayqpeh_0.jpg?itok=nLW4snvb)
Шабонарӯзи гузашта ба наҷотдиҳандагони Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе лозим омад ду маротиба бо дархости сокинони пойтахт барои боз кардани дарҳои баста аз қароргоҳи худ берун шаванд.
Дар яке аз ин ду хонае, ки дари он баста шуда буд, кӯдакон бе назорати калонсолон монда буданд.