Имдодгарон як марди 49-солаеро наҷот доданд, ки мехост худро бикушад

Наҷодиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҳодисаи қасди худкушӣ дар Рашт пешгирӣ карданд

26 августи соли 2024 соати 9:00 дақиқаи вақти маҳаллӣ як сокини  49-солаи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ҳангоме, ки дар хонаи хешовандонаш дар деҳаи Сарипули ҷамоати деҳоти Ғарми ноҳияи Рашт меҳмон буд, дар ҳоли мастӣ аз шароб хост даст ба худкушӣ занад.

Вай     худро теппае бо баландии 12 метр ба соҳили дарёи Сурхоб ҳаво дод. 

Бо ба даст овардани хабар имдодгарони КҲФ дар водии Рашт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд. Онҳо мардро аз зер ба боло оварданд ва ба кормандони милитсияи ноҳия супурданд. 

Дар айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои қасди ҷони худ кардани ин марди 49-соларо таҳқиқ  мекунанд.

барчасп: