Кумита соҳиби воситаҳои нави иртиботӣ ва назорати видеоӣ шуд

Бо мақсади таъсиси Системаи ягонаи автоматии алоқаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи минбаъдаи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ барои воҳидҳои Кумита таҷҳизоти навтарини алоқа ва дастгоҳҳои назорати видеоӣ харидорӣ карда шуд.

Дар байни таҷҳизоти техникии харидоришуда системаи ретрансляторҳои УКВ, радиостансияҳои УКВ ва КВ, системаи коммутатории ретрансляторӣ, стансияҳои сайёри ICOM IC-F1100D, стансияҳои моҳвораии ICOM IC-SAT100 мавҷуданд.

Ин воситаҳои техникӣ имкон медиҳанд, ки иртиботҳои овозӣ, алоқаи видеоӣ, паёмҳои хаттӣ, ҷойгиршавӣ ва дигар воситаҳои иртиботро дар системаи ягона ҷамъоварӣ, иваз ва коркард кунанд. Он интиқоли босуръати маълумотро байни компютерҳо ва дигар дастгоҳҳои дохили шабака таъмин месозад ва робитаи байни сохторҳои минтақавиро беҳтар мекунад.

Кормандон метавонанд файлҳо ва захираҳоро ба осонӣ мубодила кунанд ва ин барояшон он имконеро ҳам фароҳам меорад, ки дар лоиҳаҳо ва вазифаҳои муштарак самараноктар кор кунанд. Дастгоҳҳои ба системаи ягона пайвастшуда метавонанд дастрасии муштарак ба принтерҳо, серверҳо, нигаҳдории шабакавӣ ва дигар захираҳои муштарак дошта бошанд, ки самаранокии корро зиёд мекунад.

Ин таҷҳизоти алоқа ва назорати видеоӣ ба шӯъбаҳои минтақавии КҲФ тақсим карда шуда, инчунин дар кӯли Сарез насб карда мешаванд.

барчасп: