Заминларза. Талафоти ҷониву хисороти дигар нест

Бино ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 27 августи соли 2024 соати 12:29 дақиқа дар  қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин зилзила 32 километр шимолу шарқи шаҳри Хоруғи ВМКБ буд.

Қувваи заминларза дар марказаш 5 балл ва дар шаҳри Хоруғ 3-4 баллро ташкил дод.

Аз талафоти ҷониву хисороти дигар гузориш нарасидааст.

барчасп: