Таҳриф чаро? Шарҳи расмии КҲФ ба як гузориши радиои «Озодӣ»

21 августи соли 2024   радиои «Озодӣ» дар сомонаи худ гузориши Маҳмудҷон Раҳматзодаро  зери унвони ойи зист нест… ягон нафар ба додам намерасад" нашр кард.

Дар ин гузориш аз сарнавишти як сокини деҳаи Кӯчабоғи ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон Фотима Раҳмонова сухан меравад, ки муддати ин се моҳ маҷбур шудааст зери осмони кушод, бесарпаноҳ зиндагонӣ кунад.

Дар он аз ҷумла омадааст: «Бино ба гуфтаи Фотима ҳар боре нигоҳаш ба сақфу деворҳои чаппашуда меуфтад, ҷигараш хун мешавад, аммо тавони бозсозии онҳоро надорад. “Ҷойи зист нест. Гуфтам, кумак кунанд, то сарпаноҳ ёбам. Дар рӯйи ҳавлӣ нишастаам. Ягон нафар ба додам намерасад,”

Ин гузоришро ботаваҷҷуҳ омӯхта, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон иттилоъ медиҳад, ки шаҳрванд Фотима Раҳмонова бо се фарзандаш дар суроғаи нишондодашуда зиндагонӣ мекунад ва дар ҳақиқат бар асари омадани сели рӯзи 18 майи соли 2024 манзили истиқоматии ӯ зарар дид.  Комиссияи ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда хонаи ӯро аз назар гузаронд ва таҳти рақами 50 чун манзили қисман харобшуда ба қайд гирифт.

Ҳамаи сокинони зарардидаи деҳаи Кӯчабоғ аз ҷумда шаҳрванд Фотима Раҳмонова аз рӯзи аввали офати табиӣ аз маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дур набуданд. Бо супориши Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шарикони рушд ба ҳамаи зарардидагон маводи ғизоӣ (орд, биринҷ, равғани рустанӣ, гречка, нахуд, сабзӣ, картошка, пиёз, шакар) кумак расонда шуд. Ба ҳамаи онҳо ҳамчунин бастаҳои беҳдоштӣ тақсим карда шуданд.

Аз ҷумла ба оилаи Ф.Раҳмонова бар асоси Қарори Комиссияи давлатии Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда ёрии ғизоӣ: орд-200 кило, шакар - 20 кило, равғани рустанӣ - 20 кило, нахуд - 25 кило, биринҷ 25-кило, картошка - 40 кило ва пиёз 40 - кило расонда шуд.   

Хонаи истиқоматии Фотима Раҳмонова бар асоси санади Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия чун манзили қисман харобшуда сабт гардида, тибқи меъёрҳои таъиннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси Қарори Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда 4163 кило семент, 2,666 метри мукааб тахта, 1,656 метри мукааб маҳсулоти чӯбӣ, 550 кило арматур, 17 тахта фанер, 6 баста брезент, 150 кило сим, ароба, белҳо, кат ва рахти хоб ҷудо ва ба ҳавлии ӯ расонда шуд.

Ҳамчунин бо қарори Қарори Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июли соли 2024 №31/1-10 ба Раҳмонова Фотима ба маблағи 800 сомонӣ кумаки яквақтаи пулӣ низ ҷудо ва расонда шуд.

Ҳукумати ноҳияи Восеъ барои кумак ба сохтмони харобшудаи шаҳрванд Ф.Раҳмонова бо усули ҳашар қарор қабул кард.

Ба хамаи мо маълум аст, ки дар ягон мамлакати олам бе бимаи молу мулки шахсй, ки дар натиҷаи офати табиӣ зарар дидааст, ҷуброни пурраи зарари арсида имконнопазир аст. Аз ин ҷост, ки дар бисьёр мамлакатҳои ҷаҳон усулҳои суғуртаи манзил, воситаҳои нақлиёт ва дигар молу мулк амал мекунанд.

Муаллифи матлаб аз ҳавлии Фотима Раҳмонова чанд акс гирифтааст, аммо дар ин аксҳо ҳатто як навори хурде ҳам аз кӯмакҳои Ҳукумати кишвар дида намешавад.

Мо ба шумо аксҳоеро пешкаш мекунем, ки воқеиятро инъикос мекунанд. Афсӯс, ки эҳсосоти беасос ва бархӯрди ғайрикасбии муаллиф ба мавзӯъ ҳамчун рӯзноманигор манзараи воқеиятро комилан таҳриф мекунад.

барчасп: