Сайру фароғати шабонаи ҷавонон ба фоҷеа печид. Киштии тафреҳие, ки гурӯҳи ҷавонон савори он буданд ва дар Кӯли ҷавонон сайр мекарданд, дучори садама шуд ва аз 7 нафар як нафари онҳо ҷон бохт.
Ин ҳодиса шаби 21-уми августи соли равон, соати 23:37 рух дод. Як гурӯҳи ҳафтнафараи ҷавонон савори киштии тафреҳӣ дар Кӯли ҷавонон саргарми сайр буданд. Картерро бо суръати хеле баланд меронданд ва ҳангоми гардиш ин киштии тафреҳӣ мувозинатро гум карду чаппагардон шуд ва сарнишинони он ҳамагӣ зери об рафтанд.
Ба кормандони тарабхонаи «Latina-Dushanbe» муяссар шуд 6 нафарро наҷот диҳанд. Вале муаассифона, як сокини 26-солаи шаҳри Душанбе ба қаъри об рафт ва ғарқ шуд.
Барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот имдодагрони навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса шитофтанд. Соати 00:55 дақиқа ҷасади ҷавон пайдо ва ба кормандони милитсия супурда шуд.
Дар айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабаҳои ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.