КҲФ: Хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки дар як шабонарӯзи оянда дар як қатор ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон хатари омадани селҳо ба асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.

Кумита аз аҳолӣ хоҳҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо ҳангоми будубош дар соҳили обҳо ва ҳаракат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд.

Илова бар ин, КҲФ аз аҳолӣ даъват мекунад сари вақт ҷӯву каналҳо ва заҳбурҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна селовардаҳону хасу хаспораҳо ва сангу рег тоза кунанд, то дар сурати оби зиёд ҷорӣ шудан, маҷрои он дигар нашавад ва ба хонаҳову хоҷагиҳо ва заминҳои кишт зарар нарасанад.

барчасп: