Дар арафаи ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ», дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумита, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарғибу ташвиқи васеи меъёрҳои Конститутсия, 23 августи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Кумита бо ҳайати шахсӣ ҷамъомади таълимӣ-методӣ баргузор гардид.
Дар рафти ҷамъомад аз ҷониби сардори Шуъбаи ҳуқуқ майор Исозода А. доир ба мавзуъҳои «Таърихи пайдоиши Конститутсия», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи васеи меъёрҳои он», «Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.
Дар фарҷоми ҷамъомад бо ҳозирин дар доираи мавзуъҳои болозикр мубодилаи афкор сурат гирифта, иштироккунандагон ба саволҳои додашудаи худ ҷавобҳои мушаххаси қонеъкунанда гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар асоси нақшаи мазкур, мунтазам бо ҳайати шахсии воҳидҳои сохторӣ ва ҷузъу томҳои Кумита, дар муҳлатҳои муқарраргардида машғулиятҳо гузаронида мешаванд.