Ҷавоне, ки ду ҳафта пеш ҳангоми оббозӣ худро ба дарёи Душанбе афканда буд, шаҳрванди Туркманистон будааст
Чоп шуд: 24/07/2020 | redaktorҶасади як шаҳрванди 25-солаи Ҷумҳурии Туркманистон рӯзи гузашта аз канали калони Ҳисор, шафати “Кӯли Ҷавонон” пайдо шудааст. Сариев Перхат зодаи Туркманистон буда, муваққатан дар шаҳри Душанбе мезистааст. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки наҷотдиҳандагон ҷасадро пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.