Ҳар боре хабари марге дар обро менависем, қалбамон чанд бор фишурда мешавад. Инҳо ҳама аз надонистани қоидаҳои оббозӣ ғарқи об мешаванд. Ва ё дар маконҳое мехоҳанд шиноварӣ омӯзанд, ки оббозӣ мамнуъ аст. Ва ин афрод бо вуҷуди он ки мебинанд таблуҳои мамнуъ овезон аст, маҳз он ҷоро интихоб мекунанд. Панҷ нафаре, ки зарфи ин се рӯзи охир ҷасади беҷонашон пайдо ва ба соҳибон ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд, яке ҳамагӣ 5 сол дошт, ки дур аз назорати волидон вориди об шуд. Яки дигар 60—сола буд, сеюмӣ 42 сол дошт ва ду нафари дигар аз 20 то 30 сол умр доштанд.
*** *** ***
Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи 26 июли соли 2020, соати 16:30 дақиқа билохира ҷасади як марди шастсолаи дар дарёи Душанбе ғарқшуда пайдо ва ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд. Ин мард бегоҳии рӯзи 25-уми ғарқ шуда буд ва наҷотдиҳандагон ҳарчанд то шоми торики он рӯз кофтанд, ӯро пайдо накарданд. Бино ба гузориши Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ҷасади ӯ рӯзи дигар пайдо шуд.
*** *** ***
Як сокини 20-солаи деҳаи Пастиғави ноҳияи Масчо зуҳри рӯзи 26 июл дар канали рақами 1 ноҳия ҳангоми оббозӣ ғарқ шудааст. соате пас аҳолии атроф ҷасади ӯро пайдо ва ба соҳибонаш супурданд.
*** *** ***
Тибқи маълумоти Хадамоти наҷоти кӯҳии ҷумҳуриявӣ дар соҳили чапи обанбори Норак рӯзи 25.07.2020 соати 17:05 дақиқа як сокини 42-солаи шаҳри Душанбе ғарқ шудааст. Бегоҳии ҳамон рӯз ҷасади ӯ пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд. Маълум шуд, ки номбурда ба хонаи хешовандонаш ба меҳмонӣ омада, барои истироҳат бо бародаронаш ба соҳили обанбори Норак рафта, ҳангоми оббозӣ бо қоидаҳои шиноварӣ риоя накарда, ғарқ шудааст.
*** *** ***
Як сокини деҳаи ниҳолпарвари ноҳияи Шаҳринав рӯзи 23-уми июл бо ҷамъе аз дӯстонаш барои табобат ба деҳаи Конинамак, ҷамоати деҳоти Ориёни шаҳри Ҳисор рафта буд. Баъдан барои оббозӣ ба соҳили дарёи Кофарниҳон рафта, ҳангоми оббозӣ ба қоидаҳои шиноварӣ риоя накарда, дар қисмати поёнии деҳаи Шарофободи ҷамоати деҳоти Ориён, дар дарёи Кофарниҳон ғарқ мешавад.
Ҷасади ӯро рӯзи 25-уми июл аҳолии маҳал аз деҳаи Ашқободи ҷамоати деҳоти Эсамбой-и ноҳияи Рӯдакӣ пайдо ва бо соҳибонаш супурданд.
*** *** ***
Аммо мудҳиштарин фоҷеа ғарқи об шудани писарбачаи панҷсола дар дарёи Кофарниҳон буд. Вай бо истифода аз беназоратии волидон хостааст дар дарёи Кофарниҳон оббозӣ кунад, вале мавҷи пурхӯриш ӯро ба комаш кашидааст. Тифли надида шодии олам бо ҳамин чашм аз дунё пӯшид, фоҷиаовар ҳалок шуд.
Борҳо гуфтаему боз мегӯем: Волидон фарзандони хурдсолу ноболиғи худро бояд беназорат нагузоранд. Бахусус онҳоро нагузоранд, ки ба танҳоӣ ба соҳили обҳо раванд!