Раёсати Душанбе

Тозаахбори ин соат. Қасди худкушии як зан дар Душанбе. Ноболиғи ғарқшуда дар Норак ва муштзании фоҷеабори ду ҷавон дар Душанбе

Боз хабари ғарқи об шудани ду нафар расид ва омори ба ҳалокатрасидагон дар обҳои кишвар ду нафар афзуд. Яке ноболиғе, ки нав ба синни 15 по мегузошт ва дигар ҷавони 25 – сола, ки бо як нафари дигар пархошу муштзанӣ кардаву дар оби канал сарозер шудааст. Аммо аз мусибати дигар пешгирӣ шуд. Мусбате, ки як хонадонро метавонист дар мотам нишонад. Худкушии зани 43-сола, ки ҳоло сабаби он маълум нест.

Шамоли сахти шаби гузашта дар кӯчаи Бухорои пойтахт дарахти азимеро шикаст ва болои ду мошин афтод

Шамоли сахти дирӯз дар баъзе манотиқи кишвар ба ҳадде шадид буд, ки гумон мерафт харобиҳое дар пай дошт. Хушбахтона то ин соат аз хисорати боди шадид гузорише нарасид, танҳо ин ки тибқи иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднӣ дар шаҳри Душанбе як дарахти азим шикаста болои ду мошин афтодааст.
Ин ҳодиса як поси шаб рух дод ва соати 02:30 сокинони

Рӯзҳои истироҳат бо мардум дар канори истироҳатгоҳҳои соҳилӣ

Рӯзҳои истироҳати аввалин моҳи тобистон, ки дамои ҳаво дар пойтахти кишвар боло рафт, дар кулли истироҳатгоҳҳои соҳилиобӣ одамони зиёд барои истироҳату фароғат омаданд. Мавсими гарм кори наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанберо ҳам зиёд мекунад. Онҳоро лозим меояд дар фароғатгоҳҳои муҳиму серодам навбатдории

Тозаахбори ин соат. Пешгирӣ аз худкушии як ҷавони 25-сола, марги як ҷавони 17-сола ҳангоми оббозӣ

Боз нафаре ҳангоми оббозӣ ғарқи дарё шуд. Ҳамагӣ 17 сол дошт. Вай мехост аз соҳиле ба соҳили дигар убур кунад, вале марг ӯро миёни дарё дарёфт. Ва як ҷавони 25-сола ҳам ба муноқишаи оилавӣ натавонист тоб оварад ва роҳи халосиро дар худкушӣ дид. Аммо умр ба ӯ вафо кард, кормандони имдоди Кумита сари вақт ба наҷоташ расиданд ва ҳоло ӯ дар бемористон аст.
Тибқи маълумоти навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи

Дарсҳои омӯзишӣ дар истироҳатгоҳи Кӯли Ҷавонон

Рӯзе қабл кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита бо кормандони истироҳатгоҳи Кӯли Ҷавонон машғулиятҳо доир карданд. Дар ҷараёни ин дарсҳои омӯзишӣ дар мавриди мавсими гарм ва риояи қоидаҳои шиновариву оббозӣ ва наҷоти ғарқшудагон,

Страницы