Боз хабари ғарқи об шудани ду нафар расид ва омори ба ҳалокатрасидагон дар обҳои кишвар ду нафар афзуд. Яке ноболиғе, ки нав ба синни 15 по мегузошт ва дигар ҷавони 25 – сола, ки бо як нафари дигар пархошу муштзанӣ кардаву дар оби канал сарозер шудааст. Аммо аз мусибати дигар пешгирӣ шуд. Мусбате, ки як хонадонро метавонист дар мотам нишонад. Худкушии зани 43-сола, ки ҳоло сабаби он маълум нест. Муҳим он ки наҷотдиҳандагон ӯро зинда наҷот доданд.
Қасди худкушии як зани 43-сола ва наҷоти саривақтии ӯ
Як зани 43-сола аз шаҳри Душанбе қасди худкушӣ кардааст. Навбатдори ШКД Сино-2 соати тахминан 00:38 дақиқа дар ин бора ба навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Манбаъ гуфтааст, ки ин зан мехоҳад аз болои пули роҳи оҳани шафати шаҳраки 103 худро ба замин партояд.
Дастаи зудамали Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расид ва тахминан соати 01:09 дақиқа шаҳрвандро аз болои пул поин овард ва ҷонашро аз хатари марг раҳонид.
Сипас барои таҳқиқу тафтиш номбурда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд, то сабаби қасди худкушии зан таҳқиқ шавад.
Ду марг дар як рӯз
Як ноболғиғ аз деҳаи Талхоби ноҳияи Данғара рўзи 24-уми июн дар обанбори НБО Норак ғарқ шудааст. Ин писараки 15-сола, ки ҳамроҳ бо дӯстонаш шиноварӣ мекард, мегӯянд аз беэҳтиётӣ ба қаъри об рафтаву ҷони худро аз даст додааст.
Бо расидани хабари фаврӣ наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаи Кулоб ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд ва то соати 20:50, то замоне, ки атрофро пардаи торикӣ фаро гирифт, ӯро ҷустанд. Кофтукови рӯзи аввал натиҷа надод.
Қарор аст имрӯз наҷотдиҳандагон ба ҷустуҷӯ идова диҳанд. Тафсилоти хабар мунташир хоҳад шуд.
Як шаҳрванди 25-сола дар канали дереватсионии НОБ-и Варзоб ғарқ шудааст. Бино ба хабар номбурда сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон буда, дар муноқиша ва муштзанӣ бо сокини 32-солаи пойтахт аз ҳуш рафтаву ба канал сарнагун шудааст.
Баъди дарёфти хабар гурӯҳи Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, то соати 19:40 дақиқа корҳои кофтуковиро ба роҳ монданд, аммо бенатиҷа.
Имрӯз ҷустуҷӯи ғарқшуда идома хоҳад кард. Хабари он нашр мешавад.