Ҷасади шаҳрванди 25-сола, сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, ки баъди як муноқиша ва муштзанӣ бо сокини 32-солаи шаҳри Душанбе ғарқи об шуда буд, субҳи имрӯз пайдо шуд. Ҳамчуноне хабар дода будем, як шаҳрванди 25-сола дар канали дереватсионии НОБ-и Варзоб ғарқ шудааст. Бино ба хабар номбурда сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон буда, дар муноқиша ва муштзанӣ бо сокини 32-солаи пойтахт аз ҳуш рафтаву ба канал сарнагун шудааст.
Баъди дарёфти хабар гурӯҳи Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, то соати 19:40 дақиқа корҳои кофтуковиро ба роҳ монданд, аммо бенатиҷа.
Субҳи имрӯз, соати 6:50 дақиқа кормандони наҷоти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷустуҷӯи худ идома доданд ва соати 08:10 дақиқа онро пайдо намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Маълум шуд, ки ғарқшуда сокини ноҳияи Вахш Камолиддин Маҷидов буда, дар як пархош ва муштзанӣ бо Иқбол Каримов-сокини шаҳри Душанбе дар ҳоли беҳушӣ ба канали НОБ-и Вазоб сарозер шудааст.
Кормандони милитсияи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Иқбол Каримовро боздошт ва таҳти боспурсӣ қарор додаанд.
Сабаби муноқиша маълум нест. Тафтишот идома дорад.
БОЗ ДАР ИН БОРА: