Раёсати Суғд

Тозаахбори ин соат. Ҷасади боз ду ғарқшуда дар об пайдо шуд: яке 15, дигар 17-сола

Боз ду ҷасад аз оби сард берун оварда шуд. Якеро аз Норак ва дуюмиро аз Зарафшон ёфтанд. Ва ҳарду ҳам ҷавон: яке писаракест, ки 15 сол дорад ва дар бораи ӯ дирӯз хабар дода будем ва дуюмӣ духтари 17-сола. Имрӯз боз ду хона мотам доранд, ду хонавода азодор, ду модар хунинҷигар. Ва сабаби марги ин ду ғарқшуда беэҳтиётӣ номида шуд. Пас бояд эҳтиёт кард, бояд волидон ноболиғони худро танҳо нагузоранд.

Насби лавҳаҳои иттилоотӣ дар соҳили Сир

Бо фаро расидани тобистон ҷунбуҷӯш дар соҳили обҳо ҳам шуруъ мешавад. Табиист, ки гармо одамонро бештар ба соҳилҳои кӯлу дарёҳо мебарад ва баробари истироҳату фароғат баъзе таҳдидҳои амниятӣ низ вуҷуд доранд, ки ба тафреҳрафтагон набояд онҳоро фаромӯш созанд.  Вилояти Суғд ҳам ҳудуди обии васеъ дорад ва кормандони хадамоти наҷот аз нимаи дуюми моҳи май омодагӣ ба мавсими оббозиро шурӯъ кардаанд.

Коҳиши шумори мубталоён ба маънои пок шудани Тоҷикистон аз коронавирус нест

Кам шудани омори гирифторон ва афзудани шумори шифоёфтагон ҳаргиз ба маънои он нест, ки коронавирус аз Тоҷикистон берун шуда бошад ва ё куллан маҳв шудааст. Чораву тадбирҳое, ки Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо КОВИД-19 меандешад, баёнгари он аст, ки ин вирус ҳамоно вуҷуд дорад ва сокинон ҷиддан бояд қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд.

Эхтиёт ними ҳаёт. Истироҳати соҳилибаҳрӣ ҳам оғоз мешавад

Бо фарорасии фасли гармо ҳамарӯза аз ҷониби афсарони бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ, паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар соҳили Баҳри тоҷик корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ мебаранд. Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои мазкур аз ҷониби масъулин қоидаҳои дар бораи беҳдошти

Поккориҳои рӯзи гузашта. Шаҳри Душанбе, вилояти Суғд

Бо вуҷуди эълони он ки вируси корона дар кишвари мо ақиб менишинад ва рӯз то рӯз шумори муроҷиаткунандагон ба бемористонҳо коҳиш меёбад, теъдоди муолиҷашудагон афзоиш дорад, вале Ситоди ҷумҳуриявӣ мегӯяд набояд хотирҷамъ буд ва ҳамоно боистӣ, ки қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиддан риоя шаванд. Ин аст, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Страницы