Бо фарорасии фасли гармо ҳамарӯза аз ҷониби афсарони бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ, паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар соҳили Баҳри тоҷик корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ мебаранд. Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои мазкур аз ҷониби масъулин қоидаҳои дар бораи беҳдошти шахсӣ, қоидаҳои шиноварӣ дар об, пешгирии сироят ба коронавирус сӯҳбатҳо гузаронида мешаванд.
Тафреҳгоҳи Сайёди шаҳри Гулистон яке аз мавзеъҳоест, ки ҳамасола ҳазорҳо нафар барои истироҳат меоянд, соли ҷорӣ бо сабаби паҳншавии бемории сироятии коронавирус ин мавзеъ ҳоло расман ба фаъолият шурӯъ накардааст, қабули меҳмонон муваққатан қатъ карда шудааст, аммо барои пазириши истироҳаткунандагон омодагӣ мебинанд.
Яке аз вазифаҳои муҳими мутахассисони Раёсат аз ҳоло роҳандозӣ намудани корҳои таблиғотӣ мебошад. Мавсими гармо одамонро бештар ба соҳили обҳо меорад, вале на ҳама қоидаҳои оббозиву шиновариро медонанд.
Гузашта аз ин ин тафриҳгоҳҳо ҷойҳои махсуси оббозӣ доранд ва дар ғайри ин маконҳо оббозӣ дар ҷойҳои дигар мамнӯъ аст, ки истироҳаткунандагон бояд бидонанд.
Соҳили Баҳри Тоҷик аз пурҷамъияттарин макон дар тобистон ба шумор меравад. Илова ба он ки ҳама шароитҳо фароҳам оварда шудаанд, вале барои пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохӯш мутахассисон ва наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар Суғд ҳамеша навбатдорӣ мекунанд, бо истироҳаткунандагон ҳамсуҳбат мешаванд, ба хоҳишмандон шиноварӣ ҳам меомӯзанд.