Раёсати Суғд

Баргузории машқи махсуси тактикии мудофиаи гражаданӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ баргузор гардид. Ин тамрин рӯзи 28-уми июли соли равон бар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2020 ва қарори Раиси ноҳия "Оид ба корҳои пешгирикунанда"

Панҷ ғарқшудаи се рӯзи охир. Ба марги кӯдаки панҷсола кӣ гунаҳгор? Чаро шиноварӣ надониста худро ба об меандозанд?

Ҳар боре хабари марге дар обро менависем, қалбамон чанд бор фишурда мешавад. Инҳо ҳама аз надонистани қоидаҳои оббозӣ ғарқи об мешаванд. Ва ё дар маконҳое мехоҳанд шиноварӣ омӯзанд, ки оббозӣ мамнуъ аст. Ва ин афрод бо вуҷуди он ки мебинанд таблуҳои мамнуъ овезон аст, маҳз он ҷоро интихоб мекунанд. Панҷ нафаре, ки зарфи ин се рӯзи охир ҷасади беҷонашон пайдо ва ба соҳибон ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда...

Сели харобкори Деваштич ва Айнӣ. Пулҳо ва замину роҳҳои харобшуда. Об дар таҳхонаи сокинон. Шарҳи расмӣ

25-уми июли соли равон як сели харобкор, ки бар асари боронҳои пуршиддат ба заминҳои кишт ва хонаҳои мардум сарозер шуд, дар бахше аз хоҷагиҳои ноҳияи Деваштич зарари моддӣ расонд. Бино ба  маълумоти сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Деваштич ин сел бегоҳии он рӯз, дақиқан аз соати 17:30 шуруъ шуд ва осори худро...

Тақвият ва густариши корҳои таблиғотӣ дар Суғд

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии шаҳри Гулистон, оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар обанбори “Баҳри тоҷик” аз тарафи кормандони бахши шаҳрӣ дар обутобгоҳҳои обанбори “Баҳри тоҷик”, ки бештари аҳолӣ дар мавзеи мазкур машғули истироҳат мешаванд, аксия оид ба риоя намудани қоидаҳои...

Як ҷавони 19-сола дар дарёи Исфара ғарқ шуд

Дирӯз, 22-уми июни соли 2020 як ҷавони 19-сола, сокини шаҳри Исфара ҳангоми оббозӣ дар дарёи Исфара ғарқ шуд. Тибқи маълумоти Сардори шӯъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ин ҷавон дар дарёи Исфара, дақиқан дар мавзеъи зиёратгоҳи Мазори Хоҷа Абдуллои Сурхи ҷамоати деҳоти Шаҳрак ҳангоми оббозӣ ғарқ мешавад.

Страницы