Раёсати Суғд

Ноҳияи Айнӣ: Ҷасади як нафар аз чор тан аъзои як оила, ки дар Фондарё ғарқ шуда буданд, пайдо шуд. Ҷустуҷӯи дигарон идома дорад

Аз ин рӯйдоди мудҳиш хабар дода будем. Субҳи рӯзи 14-уми августи соли равон 4 узви як хонавода аз деҳаи Машхевади ноҳияи Айнӣ, ки бо заврақи худсохт мехостанд дарёро убур кунанд, ғарқ шуданд. То кунун ҳама талошҳо барои пайдо кардани ҷасади онҳо бенатиҷа наҷом шуда буд. Мудҳиштарин фоҷеаи рӯз. Ҳалокати як хонаводаи чорнафара дар Айнӣ

Садамаи маргбор дар Фондарёи Айнӣ. Ронанда ба ҳалокат расид, ду нафар захмӣ шуданд

Рӯзи  26.08.2020  тахминан соати 15:07 дақиқа, дар километри 118 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ноҳияи Айнӣ, дар мавзеъи пули Чоре садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенз”, ки ба як сокини 50-солаи  ҷамоати деҳоти Айнӣ деҳаи Зосун  мутааллиқ буд, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе дучори садама шуд. Бино ба гузориши расида ронанда аз уҳдаи идораи мошин

Мулоқот бо намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд

Як ҳайат аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо сарварии профессор Александ Семёнов, мутахассис оид ба бемориҳои сироятии ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Абдулаҳад Сафаров, ки онҳоро муовини сардори Раёсати тиббии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники хизмати тиббӣ Тоҳиров Ҳ. раҳнамоӣ мекард

Корҳои соҳилбандӣ дар Адрасмон

Дар ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон деҳаи Гулдара, ки шафати муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, ки дар минтақаи хавфнок ҷойгир мебошад, тариқи ҳашарҳои дастаҷамъонаи аҳолӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ шурӯъ гардид.

Маврид ба зикр аст, ки муассисаи мазкур дар деҳаи Гулдараи

Кормандони Раёсати Кумита паёмадҳои “заминларза” дар шаҳри Гулистонро бартараф карданд

Рӯзи 21-уми августи соли 2020 соати 5-45 дақиқа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларзаи сахт ба қайд гирифта шуд. Мувофиқи маълумоти стансияи сейсмологии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази заминларза 320 км шимолу шарқии шаҳри Душанбе, 15км дуртар аз шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди шаҳри Гулистон буда, дар маркази заминҷунбӣ қувваи он 5,5 баллро ташкил дод.

Страницы