Раёсати Суғд

Ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар воҳидҳои сохтории КҲФ. Тантанаҳои идона дар раёсатҳо ва қисмҳои ҳарбӣ

Дар воҳидҳои сохтории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаҳои танатанавӣ баргузор шуданд.

Чунончӣ, 8 сентябри соли 2020 дар раёсатҳои КҲФ дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ҷаласаҳои

Чораҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус дар Суғд

Бо мақсади пешгирӣ ва мубориза ба бемории сироятии коронавирус имрӯзҳо дар ҳамаи гӯшаву канори кишварамон чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ вусъати тоза мегирад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он ҳушдор додааст, ки мавҷи дуюми беморӣ шадидан ба иқтисодиёти кишварҳо зарба зада, шумораи фавтидагон ба маротиб зиёд гардида истодааст.
Хушбахтона, сатҳи сироятёбӣ ба ин беморӣ дар қиёс бо

Ҳалокати як марди 61-солаи урметанӣ дар дарёи Зарафшон

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ҳалокати як марди 61-сола дарёи Зарафшон хабар дод. Ин манбаъ иттилоъ дод, ки соати тахминан 10:50 дақиаи рӯзи 2-уми сентябри соли равон дар соҳили дарёи Зарафшон,  мавзеи деҳаи Вешисти ҷамоати деҳоти Ёрӣ сокинон рӯи об баромадани ҷасади марди ношиносеро мушоҳида карданд.

Ноҳияи Айнӣ: Ҷасади як нафар аз чор тан аъзои як оила, ки дар Фондарё ғарқ шуда буданд, пайдо шуд. Ҷустуҷӯи дигарон идома дорад

Аз ин рӯйдоди мудҳиш хабар дода будем. Субҳи рӯзи 14-уми августи соли равон 4 узви як хонавода аз деҳаи Машхевади ноҳияи Айнӣ, ки бо заврақи худсохт мехостанд дарёро убур кунанд, ғарқ шуданд. То кунун ҳама талошҳо барои пайдо кардани ҷасади онҳо бенатиҷа наҷом шуда буд.
Мудҳиштарин фоҷеаи рӯз. Ҳалокати як хонаводаи чорнафара дар Айнӣ

Садамаи маргбор дар Фондарёи Айнӣ. Ронанда ба ҳалокат расид, ду нафар захмӣ шуданд

Рӯзи  26.08.2020  тахминан соати 15:07 дақиқа, дар километри 118 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ноҳияи Айнӣ, дар мавзеъи пули Чоре садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенз”, ки ба як сокини 50-солаи  ҷамоати деҳоти Айнӣ деҳаи Зосун  мутааллиқ буд, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе дучори садама шуд.
Бино ба гузориши расида ронанда аз уҳдаи идораи мошин

Страницы