Раёсати Суғд

Инфиҷори як баллони газ дар ошхона ҷони 23 нафарро дар хатар гузошт. Шарҳи расмӣ

Бино ба иттилои бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷекат рӯзӣ 25 январи соли равон бар асари таркиши як баллони гази моеъ дар ошхонаи Самарқанд воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 157-и шаҳр 23 нафар кормандони ҳамин ошхона, ки 15 нафари онҳо зан ва 8 нафари дигар мардон мебошанд, бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ карда...

ЭҲТИЁТ: Аз беназоратӣ гайка дар ангушти тифли чорсола руст шуд. Кӯдаконро беназорат нагузоред!

Як занги телефонӣ ба Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднӣ дар вилояти Суғд: дар ангушти тифли чорсола гайка рус шудаасту табибон ҳам илоҷи беосеб берун кардани онро намеёбанд. Ин занги телефонӣ субҳи имрӯз, соати 11:00 аз беморхонаи клиникии вилояти Суғд ба номи С.Қутфиддинов расид.

Мулоқот бо сокинон ва суҳбат атрофи пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода

Дар ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони шаҳрак, раисони маҳаллаҳо ва аҳолии ҷамоати мазкур мулоқот дар мавзӯи пешгирӣ ва огоҳонидани аҳолӣ аз офатҳои табиӣ баргузор шуд. Вохӯриро раиси ҷамоати шаҳраки Консой Амир Муҳабатов ифтитоҳ бахшид. Сипас  сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи...

Суҳбат аз мавзеъҳои осебпазир дар Гулистони Суғд

Аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии шаҳри Гулистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2021 дар маҷлисгоҳи ҷамоати шаҳраки Адрасмон вохӯри бо ҳайати роҳбарикунандаи хоҷагиҳое, ки дар минтақаҳои хавфнок зиндагӣ...

Омӯзишҳо дар Маркази омӯзишии Раёсати Суғд

Бо мақсади омода намудани аҳолӣ, ҳайати роҳбарикунандаи вилоят ва тарғиби дониш дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, омода намудани табақаҳои гуногуни аҳолӣ ба ҳолатҳои фавкулодда, амал хангоми сар задани ҳолатҳои фавкулодда ҳамасола дар Маркази таълими-методии Раёсат машғулиятҳо ташкил ва гузаронида мешаванд.

Страницы