Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон дар маҷлисгоҳи ҷашаҳраки Чоруқдаррон мулоқот бо ҳайати роҳбарикунанда ва сокинони шаҳрак доир ба мавзӯи «Пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва паст кардани хавфи офатҳои табиӣ» баргузор намуданд.
Сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон майор Ҳикматулло Амонов дар бораи пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ, омодагии аҳолӣ ба давраи мавсими боришоти баҳори соли 2021, сард шудани ҳарорати яку якбораи ҳаво, пешгирӣ аз омадани сел, шамолҳои сахт, бехатарӣ аз сӯхтор, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, яхобмонии дарахтон, шинонидани дарахтон дар шафати селроҳаҳо ва маҳдуд намудани сафарҳо дар давраи боришоти сахти борону барф, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунандаи офатҳои табиӣ сухан ронд.
Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки дар давоми соли ҷорӣ, ки дар фаслҳои зимистону баҳор дар мавриди боридани борон, тағйирёбии обу ҳаво ва хунукию гармии дар пешистода дар ситоди доимоамалкунандаи ҷамоати шаҳрак баррасӣ карда, кору фаъолияти худро боз ҳам дар ин самт пурзӯртар намуда, баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулода бо аҳолии маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоат вохӯриҳо гузаронида шаванд.
Шаҳзода Бутаева