Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд бахшида ба ифтихори 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Сардори Раёсат полковник Додиён Баҳром Одина табрикоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонида, ҳайати шахсии Раёсатро бо ин иди мардонагиву шуҷоат табрику муборакбод намуд.
Садори Раёсат афзуд, ки мо бояд фахр кунем, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат намуда, барои ободиву амнияти кишвар ҳиссагузор ҳастему минбаъд низ барои Ватани маҳбубамон содиқонаву софдилона хизмат намоем.
Дар нишаст зикр шуд, ки имрӯз Артиши миллӣ бо самараи Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон ва дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимӣ ва ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадриҷан устувору қавӣ гардида, ба нерўи пурқудрати замонавӣ табдил ёфтааст, ба қадраш расему сидқан ба Ватани азизамон хизмат намоем ва барои фаъолияти пурмасъулу шарафманд барору комёбиҳо таманно намуд.
Муовини сардори Раёсат полковник Анвар Қосимов дар мавриди таърихи Қувваҳои Мусаллаҳ, пирӯзиву дастовардҳои кишвари азизамон, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаро суханронӣ намуд.
Сипас собиқадорони соҳа полковник Худойбердӣ Қодирбердиев, подполковник Асатулло Ҳувайдуллоев ба сухан баромада, ҳозиринро бо иди бузурги миллат табрику таҳният намуданд.
Дар поёни чорабинӣ бо фармоиши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва сардори Раёсат барои фаъолияти хуби хизматӣ ва интизоми намунавӣ як зумра афсарон бо рутбаҳои ҳарбии навбатӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ш.Бутаева, Сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат
лейтенанти калон
Маврид ба ёдоварист, ки ин гуна чорабиниҳо дар ҳамаи раёсатҳо ва шуъбаҳои КҲФ ва қисмҳои ҳарбии Кумита баргузор шуданд.