Наҷоти як духтари 17-сола дар Суғд, ки қасди худкушӣ дошт. Шуъбаи шаҳрӣ ду наҷотбахши духтарро бо сипоснома қадрдонӣ кард. Шарҳи расмӣ

28 сентябри соли равон тақрибан соатҳои 17:30 дақиқа ба наҷотдиҳандагони ихтиёрии Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Сӯҳроб Мирзоев  ва Баҳриддин Шарипов   муяссар гардид, ки як сокини 17-солаи ҷамоати деҳоти Чойрух-дарони  шаҳри Гулистон, ки худро бо мақсади худкушӣ аз болои пули Исмоили Сомонӣ   ба дарёи Сир ҳаво дод, хабар расид. Ин ду тан с ари вақт  савори  заврақи моторӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, бо истифода аз лавозимоти наҷотдиҳӣ аз духтари ҷавонро аз м арг нақот доданд.

Ба шаҳрванд ёрии аввалини то тиббӣ расонида шуда, баъдан ба кормандони ёрии таъҷилӣ  супорида шуд. Ҳангоми сӯҳбат муайян гардид, ки бо сабабҳои вазъи оилавӣ (муноқиша дар оила) мехост худкушӣ кунад.
Барои хизмати софдилона, гузоштани саҳми арзанда дар пешгирии ҳодисаи нохуши ғарқшавӣ, наҷоти ҷони ҷавони духтари 17-сола  аз ҷониби сардори Бахши хуҷандии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковник Мирзораҳим Абдуллоев наҷотбахшон бо сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки Сӯҳроб Мирзоев донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд буда, шарики ӯ дар наҷоти ин духтар Баҳриддин Шарипов низ сокини шаҳр буда, муваққатан кор намекунад.
Гуфтанист, ки аз аввали соли равон ин 6-умин ҳодисаи қасди ҷон аст, ки бо талоши имдодгарони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд наҷот дода мешаванд. Аз ин пештар 3 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд (яке ноболиғ 12 сола), 1 нафар сокини шаҳри Бӯстон ва 1 нафари дигар аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки қасд доштанд даст аз ҳаёт бишӯянд, сари вақт наҷот дода шуданд. 

 

Шаҳзода Бутаева, лейтенанти калон.