Тибқи маълумоти сардори Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ нимишаби рӯзи 20 сентябри соли равон, тахминан соати 22:20 дақиқа дар километри 80-уми роҳи мошингарди маҳаллӣ, дар мавзеи деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ автомашинаи тамғаи Старекс, ки аз ҷониби сокини сисолаи деҳаи Поймазор идора мешуд, дучори садама шуд.
Бино ба гузориши манбаъ ронанда аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст. Дар садама Қурбон Шарипови 17-сола, сокини деҳаи Риҷвоз дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин бар асари як садамаи дигар, ки дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух дод, ронанда ва мусофири он дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд.
Тибқи маълумоти сардори Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ рӯзи 21 сентябри соли равон, тахминан соати 08:10 дақиқа дар километри 81-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар мавзеи ҷамоати деҳоти Анзоб ронандаи автомашинаи Мersedes Benz, ки ба шаҳрванд Ҳошимов Аюбхуҷа Шодиевич, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмон тааллуқ дошт, ҳангоми ҳаракат ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба канори роҳ бархӯрда, ба ҷарии 150 метр сарозер мешавад.
Дар натиҷа ронанда ва мусофири мошин дар ҷойи ҳодиса ҳалок мешаванд. Наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, ҷасади ронанда ва мусофири онро аз дохили автомашина бароварда, ба мақомотҳои дахлдор супориданд.