Пешгирӣ аз офатҳои эҳтимолӣ. Раёсати Суғд дар минтақаҳои осебпазир тадбирҳои амниятӣ меандешад

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Шӯъба ва бахшҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, таъмини бехатарии аҳолӣ дар минтақаҳои хавфнок, чораҳои саривақтӣ андешида, корҳои соҳилбандиву мустаҳкамкунӣ ва барқарорсозиро вусъат медиҳанд.

Чу4нончӣ, дар шаҳри Исфара бо ташаббуси Шӯъбаи Раёсати вилоят бо истифода аз 15 адад техникаи муҳандисии муассисаи назорати давлатии роҳҳои автомобилгард ва корхонаи воҳиди давлатии Беҳдошти замин ва обёрӣ инчунин бо ҷалби аҳолии ҷамоатҳои шаҳр дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Кӯлканд, Чилгазӣ канали Кӯлканд ба масофаи 4 километр тоза карда шуд.

Инчунин дар ҷамоати деҳоти Лаккон дамбаи муҳофизат аз сели Бошишгоҳи №8 ба масофаи 150 метр, селроҳаи Даҳана ба масофаи 750 метр, селроҳаи Нурафшон ба масофаи 1500 метр, дамбаи  муҳофизатии  маҳаллаи Сомониён ба  масофаи 1500 метр, дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ дар селроҳаи Хелесон ба масофаи 1000 метр корҳои поксозӣ ва барқарорсозӣ гузаронида шуданд.

Ҳамзамон ду тарафи селроҳаи Шӯроб-Баланд ба масофаи 250 метр аз шағал тоза карда шуд.

2 пул дар ҷамоатҳои Чоркӯҳ, маҳаллаҳои Хелесон ва Говсувор сохта шуда, дар селроҳаи калони ҷамоати деҳоти Лаккон пули нав бунёд ва шуда, 8 км роҳи дохили шаҳр аз таъмири яклухт бароварда шуд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки аз захираҳои сӯзишвории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баҳри пешгирии офатҳои табиӣ миқдори зарурии сӯзишворӣ ҷудо карда шуд, инчунин дар рафти корҳо ҳамарӯза 250-300 нафар аҳолӣ, иштирок намуда, бо роҳи ҳашари дастаҷамъона корҳоро ба сомон расониданд.

 

Ш.Бутаева,

сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати вилояти Суғд,

лейтенанти калон.