Дар ВМКБ ба оилаҳои осебдида кумак тақсим карданд
Чоп шуд: 23/02/2023 | redaktorБар асоси дастурҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумакҳо фиристода шуданд. Аз офатҳои табиии ахир бештар сокинони ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ зарар диданд.