Раёсати ВМКБ

Ҳамлаи паланги барфӣ ба чорвои хонагии як сокини Роштқалъа

Бино ба маълумоти қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22 феврали соли равон соати 05:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ паланги барфӣ вориди ҳавлии сокини деҳаи Табарсеми ҷамоати Сежди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ шуда, 18 сар чорвои хурди онро дар оғилхона ба ҳалокат расондааст.

Дар Хоруғ ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда баргузор шуд

Дар толори маҷлиси Ҳокимияти иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти сарварии раиси вилояти Алишери Мирзонабот ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулода баргузор шуд.

Дар ҷараёни ҷаласа корҳои анҷомшуда дар соли 2023 ва вазифаҳо дар соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Поксозии соҳили дарё аз ҳар гуна партобҳо дар Хоруғ

Дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ – 13 октябр кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ, коллеҷи тиббӣ, хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии No8-и шаҳри Хоруғ...

Тамрини қаиқронӣ ва намоиши таҷҳизоти наҷот дар Хоруғ

27 сентябри соли 2023 дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ – 13 октябр аз ҷониби наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар ВМКБ намоиши қаиқронӣ байни наҷотдиҳандагон ва кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ВМКБ,  дастаи ихтиёриёни наҷоти Агентии Оғохон оид ба муҳити зист, инчунин...

Ифтитоҳи Майдони Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Шуғнон

17 августи соли равон дар доираи  сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маркази ноҳияи Шуғнон бо ширкати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия  Рустам Назарзода Майдони Парчами Давлатӣ ифтитоҳ гардид.

Страницы