Ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Мутобиқ ба  ҷадвали баргузории ҷаласаҳои навбатии Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи Мақомоти иҷроияи давлатии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини сардори Раёсат полковник Файзуллозода А., ва ҳайати гурӯҳ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз дар ҳузури муовини раиси ноҳияДиловар Қосимӣ бо иштироки аъзоёни Комиссия ҷаласаи Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз баргузор карда шуд.

Ҷаласаро муовини раиси ноҳия ДиловарҚосимӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.  

Дар ҷаласа тибқи рӯзнома ду масълаи асосӣ, азҷумла иҷрои Қарори раиси ВМКБ аз 30 марти соли 2024, №192 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декбри соли 2006, №778 “Оид ба тасдиқ намудани Қоидаҳои ташкил ва истифодабарии манбаъҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда дорои хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Баъди баррасии рафти иҷрои қарорҳозикршуда, муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ полковник Файзуллозода А., ба баъзе камбудиҳое, ки дар рафти иҷрои қарорҳо дида мешуд, ишора кард. Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба иҷро расонидани онҳо дар мӯҳлатҳои кӯҳтотарин ба шахсони маъсул супоришҳои мушаххас дода шуданд.              

 Сардори Раёсат

полковник                    Н. Миракзода