Ҳайати шахсӣ ва кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ сарҷамъона Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро шуниданд.
Дар хабаре, ки сардори Раёсат полковник Н.Миракзода ирсол кард, омадааст, ки то оғози Паём ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати фарорасии Соли нави милодӣ баргузор шуд.
Сардори Раёсати Кумита дар ВМКБ номаи табрикотии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзодаро бахшида ба таҷлили Соли нави мелодии 2025 ба тамоми ҳайати шахсӣ расонид, онҳо ва тамоми мардуми шарифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва умуман Тоҷикистонро муборакбод кард.
Дар Пайёми имсолаи Пешвои муаззами миллат оид ба самтҳои сиёсиву дохилии кишвар суханронӣ намуда, диққати асосӣ ба соҳаи илму маориф ва тарбияи дурусти кадрҳои ҷавон равона карда шуда буд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаитаҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.
Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, бо ин мақсад дар соҳа 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Роҳбари олии мамлакат даъват ба амал овард, ки ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки насли наврас ва фарзандонамонро дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳӣ, муҳаббат ба ватан, пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намоем.
Сардори Раёсат
полковник Н. Миракзода
Теги: ахбори рӯз, Раёсати ВМКБ