Ҷасади марди 67-сола, ки моҳи июни соли равон ғарқ шуда буд, пайдо шуд

12 декабри соли 2024 бо супориши сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ полковник Миракзода Н., аз тарафи наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати вилоят дар ҳайати панҷ нафар таҳти роҳбарии муовини командири ДМЗН майор Мирмамадов Д., такроран корҳои кофтукобии ҷасади шаҳрванд Барақбоев М.роҳандозӣ шуд.

Номбурда 67 сол дошта соҳиби 6 фарзанд буд ва дар деҳаи Ямчуни Ҷамоати деҳоти Питупи ноҳияи Ишкошим зиндагӣ дошта, дар шифохона кор мекард. 

Марҳум рӯзи 4-уми июни соли 2024 аз корхона берун шуда, лаб-лаби рӯдхона ба самти манзилаш равон буд, вале он рӯзу рӯзҳои дигар ба хона нарасид. 

Бенишон гум шудани як марди ҳудудан 70-сола ҳамаро ба ташвиш оварда буд ва фарзияҳои зиёде мавриди таҳлил қарор дошт. Муҳимтарини ин фарзияҳо ба кадом сабабе ба об ғарқ шудани марҳум буд. 

Билохира, 14-уми декабри соли равон ҷустуҷӯҳо натиҷа доданд ва ҷасади марҳум пайдо ва ба пайвандонаш супурда шуд.  

 Сардори Раёсат

полковник                    Н. Миракзода