Машқи тактикӣ дар бозори марказии шаҳри Хоруғ

Дар асоси Нақшаи ҳамкорӣ байни  Шуъбаи хадамоти давлатии оташнишонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ, бо мақсади санҷиши омодабоши ҳайати шахсии Шуъбаи хадамоти давлатии оташнишонии ВМКБ ва хадамотҳои монанд, бахусус Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати вилоят, Шуъбаи ёрии таъҷилии шаҳри Хоруғ ва наҷотдиҳандагони касбии Агентии Оғо Хон оид ба макони зист дар ВМКБ рӯзи 13 феврали соли 2025 дар бозори марказии шаҳри Хоруғ машқи тактикӣ дар мавзӯи “Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои ШХДО-и ВМКБ ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодаи техногенӣ” (сӯхтор) гузаронида шуд.

Дар рафти чорабинӣ аз тарафи наҷотдиҳандагони ДМЗН-и ВМКБ корҳои кофтуковӣ - наҷотдиҳӣ дар бинои се ошёнаи Маркази савдои бозори марказии шаҳри Хоруғ ба роҳ монда шуда, наҷотдиҳандагон аз вазифаи ба зимма вогузоршуда баромада, дар ҷамъбасти машқи тактикӣ аз тарафи роҳбарияти ШХДО-и ВМКБ баҳои сазовор гирифтанд.

Таъкид бамаврид аст, ки дар рафти тамрин дар баробари хадамоти наҷот инчунин соҳибкорони бозори марказии шаҳри Хоруғ фаъолона иштирок намуданд.

Машқи тактикӣ дар як сатҳи баланд гузаронида шуда, аз тарафи телевизиони Бадахшон ба навор гирифта шуда, аз тарафи мутахассиси бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумита дар ВМКБ аксбардорӣ гардид.

 

Сардори Раёсат

полковник                           Н. Миракзода