Бино ба маълумоти сардори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ 23 июни соли равон наздик ба соати 17:24 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар ҳудуди деҳаи Мулловоҷии ҷамоати деҳоти Юсуфбекови ноҳия сел омад. Ин сел бар асари об шудани пиряхҳо аз гармои шадиди рӯзҳои охир ҷорӣ шуд.
Сел бо сангу лойи зиёд ду хонаи истиқоматӣ, ду манзили ёрирасон ва 1,20 га замини зироати кишоварзиро зери об кард.
Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ноҳия ба фаъолият оғоз намуд ва 8 хоҷагӣ аз ин деҳа ба ҷойи амн интиқол дода шуданд
Дар айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад. Паёмадҳои сел бартараф карда мешаванд.
Дар натиҷаи сел талафоти ҷонӣ ва харобкориҳои дигар нест.