24 июни соли 2023 дар Раёсатҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ба муносибати 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомадҳои тантанавӣ баргузор шуданд.
Дар ин чорабиниҳо сармушовири Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Додхудо Шарифзода иштирок намуд.
Додхудо Шарифзода зимни суханронии зуд иброз дошт, ки бо сипарӣ гаштани 26 сол аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ он рӯзгоронро ҳоло ҳам пеши назар дорем. Воқеан, ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин дастоварди давлатдории миллӣ ба шумор меравад, аммо ин ҳама осон ба даст наомадааст. Дар роҳи барқарории ҳокимияти қонунӣ ва сулҳу субот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои хастанопазир анҷом дода, давлати навини тоҷиконро ба шоҳроҳи тараққиёт раҳнамун карданд.
Бобати аҳамияти ин санад ва модели сулҳофарии тоҷикон дар таҷрибаи ҷаҳонӣ, муҳаққиқону муаррихон, роҳбарони давлатҳо, сарварони ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ андешаҳои хешро зиёд изҳор доштаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтаанд, ки қадру манзалати сулҳи мо баробар ба Эъломияи Истиқлоли давлатист. Яке агар барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азиятдидаи мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намуд.
Дар ду ҷаласаи тантанавии баргузоршуда дар шаҳри Душанбе ва Хатлон роҳбарони раёсатҳо ҳайати шахсӣ ва кормандони КҲФ-ро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуданд ва барои ҳамагон тансиҳативу осоиштагӣ таманно карданд.
Чунин чорабиниҳо дар раёсатҳои КҲФ дар вилояти Суғд ва ВМКБ низ баргузор гаштанд.