Коронавирус nCov

СOVID-19: Шумори мубталоён ба коронавирус дар Тоҷикистон ба 5221 нафар расид.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз ифшои 61 бемори нави гирифтори коронавирус КОВИД-19 хабар дод.  Манбаъ мегӯяд аз 30 апрел то соати 18:00 дақиқаи 17 июн  дар мамлакат 5221  нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида ва то кунун аз ин беморӣ 3700 (70.8%)  нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 51 нафар фавтидаанд.

Ба туйи хонадоршавӣ, парвозҳои байналмилалӣ ба Дубай ва Ӯзбекистон иҷозат шуд

Бино ба иттилои хабаргузории давлатии “Ховар”  ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19, ки имрӯз, 17-уми июн таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор гардид, ба тӯйҳои хонадоршавӣ ва парвозҳои байналмилалӣ ба Дубай ва Ӯзбекистон иҷозат дод. 

Covid-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Охирин хабарҳо аз авҷи бемории КОВИД-19. Чин аз пайдо шудани вируси нав аз хонаводаи коронавирусҳо хабар дод. Дар олам шумори гирифторон ба 8 миллион наздик мешавад. Сарвазири Қазоқистон ва вазири тандурустии ин кишвар ба коронавирус сироят шуданд. Эмануэл Макрон аз пирӯзии Фаронса бар КОВИД-19 иттило дод. Дар Тоҷикистон 67,7 дарсади мубталоён ба коронавирус шифо ёфтанд.

COVID-19 – Тоҷикистон: сироятёфтагон 4971, шифоёфтагон 3288 ва фавтидагон 50 нафар

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соати 17:30 дақиқаи 13 июн  дар кишвар 4971 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19   ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3288 (66,1%)  нафар шифо ёфтаанд. Ин манбаъ шумори фавтидагон аз КОВИД-19-ро 50 нафар эълон кард.
Вазорати тандурустӣ ҳамчунин гуфт, ки то 13 июни соли равон

Омори нави COVID-19: Дар Тоҷикистон 4902 ва дар саросари олам 7 517 427 нафар мубтало

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон чанд лаҳза пеш шумори сироятшудагон дар КОВИД-19 дар кишварро  4902 нафар эълон кард. Ҳамин манбаъ гуфт, ки  64,4 дарсади беморон (3158 нафар) шифо ёфтанд. То имрӯз бар асари сироят ба вируси корона дар Тоҷикистон 49 нафар ҷон бохтанд.

Дар хабари расмии Вазорати тандурустӣ аз ҷумла омадааст:

Страницы