Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соати 17:30 дақиқаи 13 июн дар кишвар 4971 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3288 (66,1%) нафар шифо ёфтаанд. Ин манбаъ шумори фавтидагон аз КОВИД-19-ро 50 нафар эълон кард.
Вазорати тандурустӣ ҳамчунин гуфт, ки то 13 июни соли равон дар мамлакат 661 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 130 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.