Коронавирус nCov

Ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба фаъолият оғоз мекунанд. Аммо бо риояи ҷиддии фосилаи иҷтимоӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ

Ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти сарварии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода гузашт, эълон кард, ки аз 15-уми июн ҳамаи муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ бо риояи ҳатмиву ҷиддии қоидаҳои беҳдоштӣ ва фосилаи иҷтимоӣ ба фаъолият хоҳанд пардохт.

COVID-19 –Тоҷикистон: 76 ташхиси нави коронавирус дар кишвар. Шумори мубталоён ба 4529 нафар расид

Бино ба хабари Вазорати тандурустии Тоҷикитсон то соати 18:00 дақиқаи 7 июн  дар  кишвар 4529 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2673 (59%) нафар шифо ёфтаанд. Шумори фавтитагон аз коронавирусро вазорат имрӯз ҳам 48 нафар эълон кард. Бино ба навиштаи манбаъ шабонарӯзи гузашта 76 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави...

Хушбинии сарвари бемористони Ибни Сино аз ақибнишинии КОВИД-19 дар Тоҷикистон

Сарвари бемористони Ибни Сино Абдухалил Холиқзода аз он изҳори хушбинӣ мекунад, ки КОВИД-19 ақиб менишинад, шумори муроҷиати шаҳрвандон ба бемористонро шадидан коҳиш меёбад, талафоти ҷонӣ ба назар намерасад. Вай дар як навиштаи кутоҳ дар саҳифаи худ дар Фейсбук атрофи ин масъала изҳои назар кардааст, ки онро айнан меорем.
Ба назар мерасад, ки ҳақиқатан вирус ақибнишинӣ кард.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, ки 57 дарсади мубталоён ба коронавирус шифо ёфтанд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки то имрӯз, 5 июни соли равон дар мамлакат 1355 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 219 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд. Ҳамзамон, то соати 17: 20 дақиқаи 5 июн  дар кишвар 4370 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар...

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19...” содир шуд

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” содир шуд. Сарвари давлат бо имзои ин санади муҳим як  барномаи мубориза зидди коронавирус дар Тоҷикистонро муаррифӣ карданд ва Ҳукумати кишвар вазифадор шудааст онро дақиқан амалӣ созад.  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби

Страницы